Дар иҷрои уҳдадориҳои раёсат дар ИДМ Лавров ба Тоҷикистон комёбӣ орзу кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 10 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ ҶТ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуда, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 10 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ ҶТ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуда, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, аз ҷумла,  масъалаҳои марбут ба дастгирии институти оила ва арзишҳои анъанавии оилавӣ, мукаммалсозии фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеияти муосир, таъин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои алоҳида ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКХ Русия, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ҳудуди 20 масъаларо фаро гирифта, қариб нисфи он ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод дода мешавад, ки ҷаласаи он имрӯз дар назар аст.

Зимни суханронӣ дар нишасти хабарии муштарак аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки аз 1 январи соли оянда раёсат дар ИДМ ба зиммаи Тоҷикистон вогузор мешавад. «Мо ба дӯстони тоҷики худ дар амалисозии ин уҳдадориҳо комёбӣ хоҳонем ва дар сурати зарурат омодаем, ки ба онҳо ҳамаҷониба кумак кунем», – иброз доштааст Лавров.

Мутобиқи қарори қабулшуда, ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 6 апрели соли 2018 дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.