Собиқ додситони кулли Қирғизистон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек вакили порлумон ва додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро ба сӯистифода аз мақоми худ ҳангоми вазири адлияи ин кишвар буданаш айбдор эълом ва бо мусодираи молу мулк 5 сол зиндонӣ кард. Адои муҳлати ҷазо то ба синни 14 расидани кӯдаки маҳкумшуда ба таъхир афтод. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек вакили порлумон ва додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро ба сӯистифода аз мақоми худ ҳангоми вазири адлияи ин кишвар буданаш айбдор эълом ва бо мусодираи молу мулк 5 сол зиндонӣ кард. Адои муҳлати ҷазо то ба синни 14 расидани кӯдаки маҳкумшуда ба таъхир афтод.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додситонии кулли Қирғизистон моҳи декабри соли 2016 зидди Салянова бо моддаи 304 (Сӯистифода аз мансаб)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз кард. Ӯ ба он айбдор шуд, ки соли 2010 ҳангоми вазири адлия буданаш муҳлати иҷозатномаи вакилии дифои шарики Макс Боқиев Алексей Елисеевро ғайриқонунӣ тамдид кардааст.

Худи Аида Салянова ин айбро рад карда, мегӯяд, парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи вай, он замон барои тамдид накардани иҷозатномаи Елисеев ягон далел мавҷуд набуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ 20 сентябр барои додситони кулли пешини Қирғизистон 8 соли зиндон бо мусодираи молу мулк талаб карда буд.

Аида Салянова узви ҳизби мухолифи "Ота-Макон"-и Қирғизистон аст. Додгоҳ раҳбари ин ҳизб Омурбек Текебоевро низ моҳи августи имсол дар фасодкорӣ айбдор эълом ва бо мусодираи молу мулк 8 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ҳамчунин се сол ҳаққи фаъолияти сиёсиро надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.