Пирӯзии мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Непал

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи Непалро шикаст дод. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳузури 12 ҳазор нафар тамошобинон доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дигар дар гурӯҳи «F» миёни Яман ва Филиппин мусовӣ – 1 бар 1 анҷом […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи Непалро шикаст дод. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳузури 12 ҳазор нафар тамошобинон доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дигар дар гурӯҳи «F» миёни Яман ва Филиппин мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, баъди чор давр мунтахаби Филиппин бо касби 8 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «F» қарор дошта, дастаҳои Яману Тоҷикистон бо 6 имтиёзӣ зинаҳои 2 ва 3-юми ҷадвалро ишғол мекунанд. Непал бо 1 имтиёз дар зинаи охир ҷойгир аст.

Бозии навбатии худро мунтахаби Тоҷикистон санаи 14 ноябр гузаронида, дар майдони худ дастаи Яманро қабул мекунад. Барои пеш аз муҳлат роҳ ёфтан ба даври финалии Ҷоми Осиё-2019, футболбозони тоҷик бояд ҳатман бар дастаи Яман дастболо шаванд. Ғалаба ҳатто бо ҳисоби 1 бар 0 қобили қабул аст, зеро дар меҳмонӣ Тоҷикистон аз Яман бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда буд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

Тақвими бозиҳои боқимонда дар гурӯҳ:

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – ТОҶИКИСТОН

Яман – Непал

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.