Сафари имомхатибони тоҷик ба Маскав барои кор бо муҳоҷирони «тундгаро»

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи дини ҷумҳурӣ Ҳусейн Шокирзода хабар дод, қаблан бо масъалаҳои пешгирии гаравиши муҳоҷирони кории тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ташкилотҳои ҷавонон ва намояндагони парлумон машғул буданд ва акнун ҷиҳати сафар ба Русия як гурӯҳ имомхатибон омодагӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, сохторҳои қудратии Тоҷикистон изҳороти муфтии Маскавро дар бораи гаравиши муҳоҷирони тоҷик ба тундгароӣ асоснок мешуморанд. «Ин масъала таҳти назорати доимии хадамоти махсуси Тоҷикистону Русия қарор дорад», – гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, «маҳз аз Русия даҳҳо муҳоҷирони тоҷик ба Ироқу Сурия рафта, даҳҳо муҳоҷирони дигар ба гумони робита бо террористон аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд, вале сохторҳои қудратии ҳарду кишвар бобати ин масъала робитаи хуб дошта, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоранд».

Коршиноси тоҷик оид ба масъалаҳои Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои ташкилотҳои террористӣ хеле осебпазиранд ва сабабаш дар он аст, ки аксари онҳо зери фишори доимии сохторҳои қудратии Русия қарор доранд, аз ин рӯ, ба чунин ташкилотҳои ифротгаро таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

«Қисмати хеле ками муҳоҷирони тоҷик ба ҷомеаи Русия мутобиқу ҳамгиро шуда тавонистанд, – иброз дошт коршинос. – Боқимондаро террористон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб мекунанд».

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки гурӯҳи «Хуросон», ки дар борааш муфтии Маскав сухан гуфт, ба ҳеҷ гунае наметавонад ба ивази «Давлати исломӣ» ояд, чунки он як ҷиноҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистон аст.

«Баъди дар Сурияву Ироқ заъиф шудани мавқеи «Давлати исломӣ», имрӯз барои онҳо ҷойи муносиб Афғонистон аст, – қайд кард номбурда. – Тибқи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА, аввали соли ҷорӣ аз 2 то 3 ҳазор аъзои «Давлати исломӣ» дар Афғонистон меҷангиданд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...