Суғд: ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлол маҳкум шуданд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду вакили пешини маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошари пештара) ва як шарики онҳоро бо айби "қаллобӣ" ва "додани пора" равонаи зиндон кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов, ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлол мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ – "қаллобӣ" ва "додани пора", мутаносибан ба 9 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду вакили пешини маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошари пештара) ва як шарики онҳоро бо айби "қаллобӣ" ва "додани пора" равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов, ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлол мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ – "қаллобӣ" ва "додани пора", мутаносибан ба 9 ва 5,6 солӣ маҳкум шуданд. Ин масъулон дар муомилоти ғайриқонунӣ бо иншооти давлатӣ гунаҳгор дониста шуданд.

Додгоҳ Акбар Исмоилов, ронандаи пешини Шарифзодаро борои "қаллобӣ" гунаҳкор донист ва барои 8 сол аз озодӣ маҳрум кард. Акбар Исмоилов ҳамзамон муваззаф шуд, ки маблағи 85 ҳазор долларро ба давлат бозгардонад. Айбдоршавандаҳо тақрибан 4 моҳи пеш аз тарафи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуда, дар ҳабс қарор доштанд.

Акмал Савридинзода, додраси додгоҳи Хуҷанд ва масъули баррасии парванда гуфт, ки айбҳои ин афрод бо далелҳо исбот гардид ва додгоҳ онҳоро гунаҳкор медонад. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод соли 2013 бо ваъдаи ба номи ду сокин хусусӣ гардонидани ду иншооти давлатӣ — кӯдакистон ва лагери бачагона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба ҳайси миёнарав ҳудуди 200 ҳазор доллари онҳоро гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд.

Дар пай сокинони фиребхӯрда ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шикоят бурданд. Шарифзода ва Ҳасанов зимни додани пора ба хотири пӯшонидани амали худ ба масъулони оҷонсии мазкур моҳи июл дастгир мешаванд. Тафтиши аввалияи парвандаро муфаттишони ин ниҳод анҷом додаанд.

Акбар Исмоилов пеш аз шурӯи додгоҳ гуфт, ӯ ба қаллобӣ даст назадааст ва воқеан ҳудуди 200 ҳазор доллар маблағи сокинонро гирифта, ду иншооти давлатиро харидорӣ кард ва ба номи ӯ хусусӣ шуданд. “Вале ҳанӯз мақомот инро тасдиқ (расмӣ) накарда буданд, ки онҳоро (Шарифзода ва Ҳасанов)-ро дастгир ва сару сомони корро гум карданд”, – гуфтааст вай.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.