Сафари имомхатибони тоҷик ба Маскав барои кор бо муҳоҷирони «тундгаро»

Ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи дини ҷумҳурӣ Ҳусейн Шокирзода хабар дод, қаблан бо масъалаҳои пешгирии гаравиши муҳоҷирони кории тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ташкилотҳои ҷавонон ва намояндагони парлумон машғул буданд ва акнун […]

Ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи дини ҷумҳурӣ Ҳусейн Шокирзода хабар дод, қаблан бо масъалаҳои пешгирии гаравиши муҳоҷирони кории тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ташкилотҳои ҷавонон ва намояндагони парлумон машғул буданд ва акнун ҷиҳати сафар ба Русия як гурӯҳ имомхатибон омодагӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, сохторҳои қудратии Тоҷикистон изҳороти муфтии Маскавро дар бораи гаравиши муҳоҷирони тоҷик ба тундгароӣ асоснок мешуморанд. «Ин масъала таҳти назорати доимии хадамоти махсуси Тоҷикистону Русия қарор дорад», – гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, «маҳз аз Русия даҳҳо муҳоҷирони тоҷик ба Ироқу Сурия рафта, даҳҳо муҳоҷирони дигар ба гумони робита бо террористон аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд, вале сохторҳои қудратии ҳарду кишвар бобати ин масъала робитаи хуб дошта, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоранд».

Коршиноси тоҷик оид ба масъалаҳои Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои ташкилотҳои террористӣ хеле осебпазиранд ва сабабаш дар он аст, ки аксари онҳо зери фишори доимии сохторҳои қудратии Русия қарор доранд, аз ин рӯ, ба чунин ташкилотҳои ифротгаро таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

«Қисмати хеле ками муҳоҷирони тоҷик ба ҷомеаи Русия мутобиқу ҳамгиро шуда тавонистанд, – иброз дошт коршинос. – Боқимондаро террористон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб мекунанд».

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки гурӯҳи «Хуросон», ки дар борааш муфтии Маскав сухан гуфт, ба ҳеҷ гунае наметавонад ба ивази «Давлати исломӣ» ояд, чунки он як ҷиноҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистон аст.

«Баъди дар Сурияву Ироқ заъиф шудани мавқеи «Давлати исломӣ», имрӯз барои онҳо ҷойи муносиб Афғонистон аст, – қайд кард номбурда. – Тибқи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА, аввали соли ҷорӣ аз 2 то 3 ҳазор аъзои «Давлати исломӣ» дар Афғонистон меҷангиданд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.