Хатлон: ҳукми 77 соли зиндон ба се бародари қотил

Суди вилояти Хатлон нисбати се тан аз аъзои оилаи Бадалиевҳо, сокинони ноҳияи Панҷ ҳукм содир намуд. Онҳо дар куштор ва расонидан зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳкор эътироф гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, бародарон Бадалиевҳо дар мавзеи доманакӯҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм ба чарондани молҳои калони шохдор, майда, аспҳои ҷамъиятӣ ва шахсии худ […]

Суди вилояти Хатлон нисбати се тан аз аъзои оилаи Бадалиевҳо, сокинони ноҳияи Панҷ ҳукм содир намуд. Онҳо дар куштор ва расонидан зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳкор эътироф гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, бародарон Бадалиевҳо дар мавзеи доманакӯҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм ба чарондани молҳои калони шохдор, майда, аспҳои ҷамъиятӣ ва шахсии худ фаъолият мекарданд.

Дар ин мавзеъ бародарон Наибовҳо низ чорвои худро мечарониданд. Миёни онҳо дар заминаи истифодаи чapoгoҳ ва чоҳи оби нӯшокии чорво муноқиша cap зада, бародарон Бадалиевҳо нахуст Шоназар Наибовро бо таёқҳояшон лату кӯб ва ӯро ба чоҳ партофтаанд, вале ӯ зинда мемонад.

Сипас Бадалиевҳо нақшаи қатли Додарбеков, домоди Наибовҳоро, ки 400 метр дуртар аз онҳо молҳояш қарор доштанд, тарҳрезӣ намуда, бо таёқҳои чӯпонии худ ӯро то марг лату кӯб мекунанд.

Гуфта мешавад, суд Ф.Бадалиевро ба 27 соли зиндон ва ду бародарӣ ӯ ҳар кдомеро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.