Дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ дарвоқеъ чӣ ҳодиса шуд?

Шокир Холдоров, масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати "Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки баъди пахши навори видеоии ҳақорату дашномҳои қабеҳ ва рафтори дағалонааш дар як масҷид, ба як баҳси пурмоҷаро дар интернет табдил шуда буд, дубора ба утоқи кориаш баргашт ва ба иҷрои вазифааш шурӯъ кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, вай пас аз нашри […]

Радиои Озодӣ

Шокир Холдоров, масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати "Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки баъди пахши навори видеоии ҳақорату дашномҳои қабеҳ ва рафтори дағалонааш дар як масҷид, ба як баҳси пурмоҷаро дар интернет табдил шуда буд, дубора ба утоқи кориаш баргашт ва ба иҷрои вазифааш шурӯъ кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, вай пас аз нашри ин навори видеоӣ дар интернет, ӯ аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт ва баъди се рӯзи нигоҳдорӣ дар СИЗО-и шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, бо пардохти ҷарима озод шуд. Аммо раиси маҳаллаи Меҳробод аз муҷозоте, ки Холдоров гирифтааст, розӣ нест.

Масҷиди деҳаи Меҳробод панҷвақта буда, дар соли 2013 ба нерӯи мардум сохта шудааст. Муовини раиси маҳалла мегӯяд, ки ин масҷид сертификат ва иҷозатномаи ҳукумати ноҳия ва ҷамоати Чоряккоронро дорад.

Шокир Холдоров рӯзи 16-уми октябр дар утоқи кориаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз рух додани чунин ҳолат дар масҷид ба шиддат изҳори таассуф кард ва барои ҳарфҳои дағалонае, ки гуфтааст, бахшиш пурсид.

Шокир Холдоров гуфт, ки баҳси ӯву масъулини масҷид бар сари санадҳои ин муассисаи мазҳабӣ сар зад, ки пурраву такмилшуда набуд ва, ба гуфтааш, талошҳои ӯ барои водор кардани масъулини масҷид барои таҳияи пурраи санаду иҷозатномаи фаъолияти масҷид дар чанд дафъаи гузашта нодида гирифта шуд.

Холдоров аз ҷумла дар шарҳи ҳодиса гуфт, "рӯзи 7-уми октябр вақте ки ба масҷиди Меҳробод рафтам, дари масҷид боз буд ва панҷ-шаш нафар намоз мехонд. Ба онҳо гуфтам, ки ин масҷид ғайриқонунӣ аст ва намоз хондан мумкин нест, чунки танҳо бо сертификату иҷозатнома намешавад масҷидро қонунӣ гуфт. Барои ин санади вазорати фарҳанг зарур аст. Тақрибан 10 дақиқа онҳоро фаҳмонданӣ шудам, аммо маро асабӣ карда гуфтанд, кори худата кардан гир, мо намозамона мехонем. "Аз идораи танзимӣ, ба роҳи худат рафтан гир, мо ба роҳи худамон меравем."

Вай дар идома гуфт, "ман дар дохили хонаи Худо ягон ҳарфе назадам. Вақте берун шудем, боз ҳам асабӣ карданд ва мисли ин, ки махсус ташкил карда шуда буд, рагҳои асабам хест, суп-сурх шудам ва ҳарфҳои дағал ба забонам омад. Албатта, бахшиш мепурсам. Воқеан барои чанд ҳарфи дағалонае, ки дар саҳни масҷид гуфтам, узр мепурсам. Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба наздам омад, ман гуфтам, ки равед ба мардум фаҳмонед, ман бахшиш мехоҳам."

Шокир Холдоров афзуд, мувофиқ бо тақозои вазифааш ба масҷид рафт ва бар асоси қонун фаъолияти масҷидро санҷиду талаби баста шудани онро кард ва аз намозгузорон хост, ки дигар ба масҷид наоянд ва дари онро банданд. Тавре Шокир Холдоров мегӯяд, пас аз як рӯзи ин ҳодиса, мақомоти амниятии ноҳия ӯро даъват намуда ва баъдан ба шӯъбаи корҳои дохилӣ низ даъваташ карданд ва барои се рӯз дар СИЗО нигоҳ доштанд.

Ҳамин тавр, Холдоров бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима пардохт намуд ва дубора ба вазифааш баргаштааст. Дар ин миён намояндагони Кумитаи дин ва расму оин ба деҳаи Меҳробод омада, дари масҷиди ин маҳалларо бастанд ва муддати як ҳафта аст, ки он фаъолият надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.