Ҳамаи қарзгирон аз бонкҳои Тоҷикистонро зери назорат мегиранд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»-ро ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи шаҳрвандони аз бонкҳо қарзгирифта тартиб дода мешавад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шариф Раҳимзода, қаблан чунин рӯйхат аз ҷониби Бонки милии ҷумҳурӣ тартиб дода шуда, вале ба он танҳо қарзгирандагоне дохил мешуданд, ки барои ин ба таври хаттӣ розигӣ медоданд. Минбаъд барои шомил кардан ба рӯйхат розигии шаҳрвандон лозим намешавад.

Бино ба маълумоти Бонки милии ҷумҳурӣ, айни замон ҳаҷми маблағи қарздодаи бонкҳои Тоҷикистон 8 млрд. 700 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Таърихи қарзӣ ин маълумот дар бораи кай, чӣ миқдор ва дар кадом ташкилоти молиявию қарзӣ шумо қарз гирифтаед (ё доред) ва  чӣ тавр  ӯҳдадориҳои худро, яъне пардохти қарзро, ба ҷо меоред. Ҳангоми баровардани қарор оид ба додани қарз ва ё рад кардани дархости он, бонкҳо, ба ғайр аз хулосаи таҳлили иҷтимоӣ-молиявӣ, ба таърихи қарзӣ низ аҳамияти зиёд медиҳанд.

Вакилон ҳамчунин аз тағйироту иловаҳо ба қонун ««Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҷонибдорӣ намуданд, ки мутобиқи он, ба истифодабарандгони замин дар кишвар танҳо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии замин дода мешавад. Қаблан ба ҷуз ин санад, ба онҳо боз сертификат ҳам дода мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...