Ҳамаи қарзгирон аз бонкҳои Тоҷикистонро зери назорат мегиранд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»-ро ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи шаҳрвандони аз бонкҳо қарзгирифта тартиб дода мешавад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шариф Раҳимзода, қаблан чунин рӯйхат аз ҷониби Бонки милии ҷумҳурӣ тартиб дода шуда, вале […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»-ро ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи шаҳрвандони аз бонкҳо қарзгирифта тартиб дода мешавад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шариф Раҳимзода, қаблан чунин рӯйхат аз ҷониби Бонки милии ҷумҳурӣ тартиб дода шуда, вале ба он танҳо қарзгирандагоне дохил мешуданд, ки барои ин ба таври хаттӣ розигӣ медоданд. Минбаъд барои шомил кардан ба рӯйхат розигии шаҳрвандон лозим намешавад.

Бино ба маълумоти Бонки милии ҷумҳурӣ, айни замон ҳаҷми маблағи қарздодаи бонкҳои Тоҷикистон 8 млрд. 700 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Таърихи қарзӣ ин маълумот дар бораи кай, чӣ миқдор ва дар кадом ташкилоти молиявию қарзӣ шумо қарз гирифтаед (ё доред) ва  чӣ тавр  ӯҳдадориҳои худро, яъне пардохти қарзро, ба ҷо меоред. Ҳангоми баровардани қарор оид ба додани қарз ва ё рад кардани дархости он, бонкҳо, ба ғайр аз хулосаи таҳлили иҷтимоӣ-молиявӣ, ба таърихи қарзӣ низ аҳамияти зиёд медиҳанд.

Вакилон ҳамчунин аз тағйироту иловаҳо ба қонун ««Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҷонибдорӣ намуданд, ки мутобиқи он, ба истифодабарандгони замин дар кишвар танҳо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии замин дода мешавад. Қаблан ба ҷуз ин санад, ба онҳо боз сертификат ҳам дода мешуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.