Отамбоев барои гуфтаҳояш доир ба Қазоқистон маъзарат хост

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳангоми супоридани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар Бишкек изхор дошт, ки «шояд вақте бо эҳсосот дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбат мекардам, ҳақ набудам. Ӯ монанди ман зудбовар аст». Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ вазъ дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро кори атрофиёни Назарбоев номид, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳангоми супоридани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар Бишкек изхор дошт, ки «шояд вақте бо эҳсосот дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбат мекардам, ҳақ набудам. Ӯ монанди ман зудбовар аст».

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ вазъ дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро кори атрофиёни Назарбоев номид, ки ба гуфтаи ӯ, талош доранд, кишварашро аз Русия ҷудо созанд.

"Фикр мекунам, президенти Қазоқистон ҳатто дар ин бора гумон намекунад. Атрофиёни Назарбоев — олигархҳое, ки дар фикри Қазоқистону Назарбоев нестанд ва танҳо ояндаи худро меандешанд", – иқтибос овардаанд расонаҳои қирғизӣ аз суханони Отамбоев.

"Имрӯз дар марзи Қирғизистону Қазоқистон мушкил ба миён омадааст. Бархе мегӯянд, ки тамоми роҳҳои ҳамлу нақли Қирғизистон аз Қазоқистон мегузаранд, ки ин нодуруст аст. Мо ҳамсояҳои дигар низ дорем. Дар ёдам ҳаст, ки чи гуна барқу гази моро қатъ карданд. Ҳоло мо бо Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон муносибатҳои хуб дорем. Албатта, бояд роҳҳои дигари содироти маҳсулоти худро низ бояд пайдо кунем", – афзудааст президенти Қирғизистон.

Вазъи марзи Қазоқистону Қирғизистон 10 октябр номуътадил шуд. Ба огаҳии мақомоти қирғиз, Қазоқистон, аз соати 18:00-и 10 октябр убури марзро сангинтар кардааст, ки дар натиҷа дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад.

Бархе аз мусофирон санҷишҳои тӯлониро дар марз ба изҳороти президент Алмосбек Отамбоев рабт медиҳанд, ки мақомоти Қазоқистонро ба дахолат дар интихоботи президентии кишвараш айбдор кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.