Қатли ҳамсарони 60-сола дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ (иловашуда)

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамсарони 60-солаи соҳибкор Мақсудҷон ва Ибода Неъматуллоевҳо ба қатл расонида шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКд дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, онҳо субҳи рӯзи 18 октябр дар манзилашон воқеъ дар ҷамоати Унҷӣ кушта шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки барои тафтиши ин ҳодиса аз ҳисоби кормандони Раёсати ВКД, мақомоти прокуратураи вилоят ва Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст.

Муҳсин Юсуфов бо далели халалдор накардани ҷараёни тафтиши ҳодиса аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли хешу ақрабои кушташудагон, қотилон ҳамсаронро азобу шиканҷа дода, даҳонашонробо скотч маҳкам кардаанд. «Замони куштор писари онҳо дар хонаи паҳлӯ буда, субҳ барои бедоркунии волидонаш меояд ва онҳоро кушташуда дармеёбад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» хешовандони кушташудагон.

Дар ҷойи кори кушташудагон воқеъ дар яке аз марказҳои савдои бозори «Панҷшанбе», ки дар он ҳамсарон ба фурӯши матои миллӣ машғул будаанд, ҳикоят карданд, ки ин оила тез-тез ба соҳибкорон қарз медодаанд ва шумори қарздорон аз онҳо хеле зиёд будааст.

Яке аз манбаъҳои «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, ки аз манзили онҳо қотилон 70 ҳазор доллар маблағи пулӣ ва дигар чизҳову лавозимоти арзишмандро бо худ бурдаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...