Боздошти ҷарроҳи маъруф ба гумони пайравӣ ба равияи Салафия

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст. Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъди боздошт ва ҳам шурӯи тафтишот Саломов дар боздоштгоҳ (СИЗО-и №2)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, тафтиши парвандаро мақомоти Кумитаи амнияти Суғд пеш мебарад. […]

Радиои Озодӣ

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъди боздошт ва ҳам шурӯи тафтишот Саломов дар боздоштгоҳ (СИЗО-и №2)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, тафтиши парвандаро мақомоти Кумитаи амнияти Суғд пеш мебарад.

Манобеи наздик ба тафтиши ин қазия, дар парванда зикр шудааст, ки Абдумалик Саломов бо гурӯҳ иртибот дошт, ки ба пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” гумонбар дониста мешавад ва дар “маҳфилҳои палави” онҳо ширкат мекардааст.

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас, дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.