«Истиқлол» ба бозии финалии Ҷоми Осиё-2017 роҳхат гирифт

Вохӯрии ҷавобии финали байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи «Кантерава» дар Бангалор доир гардида, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Нуриддин Давронов ва Дмитрий Барков ба ҳадаф расониданд. Қобили зикр аст, […]

Asia-Plus

Вохӯрии ҷавобии финали байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи «Кантерава» дар Бангалор доир гардида, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Нуриддин Давронов ва Дмитрий Барков ба ҳадаф расониданд.

Қобили зикр аст, ки бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфта, ҳамин тариқ, акнун футболбозони тоҷик дар бозии финалии Ҷоми Осиё, ки санаи 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, бо тими «Эйр форс»-и Ироқ қувваозмоӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.