Набераҳои Ҷаббор Расулов шаҳрдории Душанберо ба маҳкама кашиданианд

Набераҳои роҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-уми асри гузашта Ҷаббор Расулов бо огаҳӣ ёфтан аз ба макони дигар интиқол додани қабри бобояшон ба шигифт омадаанд, зеро се фарзанд ва чор набераи ӯро аз ин кор хабардор накардаанд. «Моро огоҳ накардаву розигии моро напурсида қабри бобои маро дар Душанбе ба ҷойи дигар кӯчонидаанд. Албатта, ман ҳоло ба […]

Asia-Plus

Набераҳои роҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-уми асри гузашта Ҷаббор Расулов бо огаҳӣ ёфтан аз ба макони дигар интиқол додани қабри бобояшон ба шигифт омадаанд, зеро се фарзанд ва чор набераи ӯро аз ин кор хабардор накардаанд.

«Моро огоҳ накардаву розигии моро напурсида қабри бобои маро дар Душанбе ба ҷойи дигар кӯчонидаанд. Албатта, ман ҳоло ба модарам намегӯям, зеро таъсирашро ба ӯ тасаввур карда наметавонам, – навиштааст Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов дар саҳифаи худ дар Фейсбук. – Агар моро огоҳ мекарданд, боқимондахои ҷасадро ба Маскав оварда мегӯронидем. Ин тавраш нодуруст аст».

Ба гуфтаи Ирина Георгиевна, онҳо ҳамчунин розӣ нестанд, ки боқимондаҳои ҷасади Ҷаббор Расуловро ба қабристони мусулмонӣ интиқол додаанд.

«Дар вақташ ӯро тибқи васиятномааш гӯрониданд, на бо шариати исломӣ, чунки бобоям коммунист буд, – қайд мекунад ӯ ва ҳикоят мекунад, ки шаби 15 ба 16 октябр, каме пеш аз пинҳонӣ кӯчонидани гӯр, бобояшро хоб дидааст, ки «боз пеши чашмонаш мемирад».

«Ман аз нотавонӣ, аз барои ҳеҷ коре аз дастам наомадан гиря мекунам. Дер шуд ва бефоида аст. Тасаввур карда наметавонам, ки ҳоли модарам, хола ва тағоям, ки фарзандони аллакай калонсоли бобоям мебошанд, чӣ мешавад», – менависад Ирина Тихонова.

Қобили зикр аст, ки Леонид, писари Ҷаббор Расулов – 86, духтари калониаш Светлана – 81 ва духтари хурдиаш Ирина – 79-сола мебошанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Ирина Георгиевна хабар дод, ӯ бори охир соли 2008, дар 95-солагии бобояш қабри ӯро зиёрат карда, модараш – Ирина Ҷабборова ва бародараш Тимур соли гузашта аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

«Модарам бо холаам – Светлана ду сол пеш дар Душанбе буданд, – ба хотир меорад Ирина Тихонова. – Модарам ҳикоят кард, ки қабр тозаву озода ва рӯяш гулҳои тару тоза гузошта шуда буд. Касе қабрро доимо нигоҳубин мекардааст».

Тимур Тихонов, набераи дӯстдоштаи Ҷаббор Расулов низ аз ин ҳодиса норозӣ буда, тариқи телефон ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки чунин сурат гирифтани воқеаро бо одаме, ки дар рушди ҷумҳурӣ саҳми босазо дорад, интизорӣ надошт.

Ба қавли набераҳои ходими давлатӣ, онҳо барои огаҳ накардани хешу ақрабои наздик ва бидуни розигии онҳо пинҳонӣ ба макони дигар кӯчонидани қабри Расулов аз болои мақомоти шаҳрдории Душанбе ба суд шикоят бурданианд. «Шояд боқимондаҳои ҷасади бобоямро ба Маскав орем», – зикр кард Ирина Тихонова. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.