Маслиҳати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ

Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба суръати нисбатан баланди рущди иқтисод, тақвияти нақши бахши хусусиро дар иқтисод ба Тоҷикистон тавсия медиҳад. Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунад, ки тариқи фароҳам овардани шароити бештар мусоидтар барои тиҷорат метавон ба суръати баландтари рушд ноил гардида, беҳтар кардани шароит барои соҳибкорӣ ба афзоиши сармоягузориҳо ва таъсиси ҷойҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба суръати нисбатан баланди рущди иқтисод, тақвияти нақши бахши хусусиро дар иқтисод ба Тоҷикистон тавсия медиҳад.

Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунад, ки тариқи фароҳам овардани шароити бештар мусоидтар барои тиҷорат метавон ба суръати баландтари рушд ноил гардида, беҳтар кардани шароит барои соҳибкорӣ ба афзоиши сармоягузориҳо ва таъсиси ҷойҳои кории зиёд имкон медиҳад.

Ба ҷумҳурӣ ҳамчунин таҷдиду баланд бардоштани самаранокӣ ва фарогирии ҳамагонии хизматгузориҳои заминавии иҷтимоӣ, беҳтар кардани ҳамгиройии кишвар бо бозорҳову дастовардҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавсия дода шудааст.

Қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ду баробар афзудани ҳаҷми ММД дар соли 2020, васеъ кардани синфи миёна ва коҳиши сатҳи камьизоатӣ то 20 фоизро дар нақша дорад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2000 то соли 2016 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 то ба 30 фоиз коҳиш ёфта, соли 2016 сатҳи камбизоатӣ дар шаҳрҳо 23,7 ва минтақаи деҳот – 33,5 фоизро ташкил дод.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.