Қатли ҳамсарони 60-сола дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ (иловашуда)

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамсарони 60-солаи соҳибкор Мақсудҷон ва Ибода Неъматуллоевҳо ба қатл расонида шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКд дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, онҳо субҳи рӯзи 18 октябр дар манзилашон воқеъ дар ҷамоати Унҷӣ кушта шудаанд. Зимнан зикр гардид, ки барои тафтиши ин ҳодиса аз ҳисоби […]

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамсарони 60-солаи соҳибкор Мақсудҷон ва Ибода Неъматуллоевҳо ба қатл расонида шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКд дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, онҳо субҳи рӯзи 18 октябр дар манзилашон воқеъ дар ҷамоати Унҷӣ кушта шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки барои тафтиши ин ҳодиса аз ҳисоби кормандони Раёсати ВКД, мақомоти прокуратураи вилоят ва Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст.

Муҳсин Юсуфов бо далели халалдор накардани ҷараёни тафтиши ҳодиса аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли хешу ақрабои кушташудагон, қотилон ҳамсаронро азобу шиканҷа дода, даҳонашонробо скотч маҳкам кардаанд. «Замони куштор писари онҳо дар хонаи паҳлӯ буда, субҳ барои бедоркунии волидонаш меояд ва онҳоро кушташуда дармеёбад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» хешовандони кушташудагон.

Дар ҷойи кори кушташудагон воқеъ дар яке аз марказҳои савдои бозори «Панҷшанбе», ки дар он ҳамсарон ба фурӯши матои миллӣ машғул будаанд, ҳикоят карданд, ки ин оила тез-тез ба соҳибкорон қарз медодаанд ва шумори қарздорон аз онҳо хеле зиёд будааст.

Яке аз манбаъҳои «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, ки аз манзили онҳо қотилон 70 ҳазор доллар маблағи пулӣ ва дигар чизҳову лавозимоти арзишмандро бо худ бурдаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.