Суғд: ҳукм ба 4 бекор барои узвият дар равияи салафия

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ чор тан аз сокинони вилоят барои узвият дар равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Салафия маҳкум шуданд.

Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Содиқҷон Ваҳҳобзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони бекори ҷамоати Гулхонаи ноҳия Муъмин Содиқов ва Бахтиёр Аҳмадов, ҳарду 23-сола, ҳамчунин Маҳмуд Файзиеви 20-сола ва Ҳомид Бойматови 39-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, прим. 3, қ 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме аз онҳо ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо моҳи июни соли 2017 аз ҷониби кормандони КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. «Онҳо ихтиёрӣ ба сафҳои равияи фаъолияташ манъшуда Салафия пайваста, то замони боздошт ба таблиғи афкору ақидаҳои ин равия машғул ва ибодатҳояшонро ҳам «салафиёна» адо мекардаанд», – қайд кард Ваҳҳобзода.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.