Футбол: «Истиқлол» – чемпион, «Хуҷанд» – дуюм ва «Помир» – сеюм

Баъди натиҷагирӣ аз се бозии даври 21-уми   Чемпионати Тоҷикистон   миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба поён расид,  дастаҳои гирандаи медалҳои нуқраву биринҷӣ  маълум шуданд.         Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон,  дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо  дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, […]

АМИТ «Ховар»

Баъди натиҷагирӣ аз се бозии даври 21-уми   Чемпионати Тоҷикистон   миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба поён расид,  дастаҳои гирандаи медалҳои нуқраву биринҷӣ  маълум шуданд.        

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон,  дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо  дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 37 хол дар ҷадвали мусобиқот мақоми дуюмро касб кард. Футболбозони  дастаи  «Хуҷанд» таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринашон бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд.

Гуфта мешавад, дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе низ рақобаташро дар майдони худ бо дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, бо касби 34 имтиёз сазовори нишони биринҷии Лигаи олии мамлакат гардид.

Зимнан хотиррасон мешавад, ки дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки  пешакӣ унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудааст, шашумин бор аст бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.