Манъи бо талаби мусофирон нигоҳ доштани маршруткаҳо дар Душанбе

Ронандаҳои микроавтобусҳои хурди мусофирбар (маршруткаҳо)-и шаҳри Душанбе дигар ба манъи воситаи нақлиёт бо талаби мусофир ҳуқуқ надошта, ба онҳо дастур дода шудааст, ки танҳо дар истгоҳҳо автомашинаро манъ кунанд.  Ин қарор аз ҷониби Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе қабул шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, тақвияти […]

Asia-Plus

Ронандаҳои микроавтобусҳои хурди мусофирбар (маршруткаҳо)-и шаҳри Душанбе дигар ба манъи воситаи нақлиёт бо талаби мусофир ҳуқуқ надошта, ба онҳо дастур дода шудааст, ки танҳо дар истгоҳҳо автомашинаро манъ кунанд.  Ин қарор аз ҷониби Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе қабул шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, тақвияти назорат дар ин самт ба бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт ва ҳамчунин риояи меъёрҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ равона шудааст.

«Ин чизи нав нест, чунин қоидаҳо вуҷуд доранд, вале аз ин ба баъд мо риояи онро ҷиддӣ назорат мекунем», – гуфтанд дар Шуъбаи БДА пойтахт.

Бино ба иттилои манбаъ, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар мавриди манъи нақлиёти ҷамъиятӣ танҳо дар истгоҳҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мавриди амал қарор дорад. «Чунин қоидаву тартибот замони шӯравӣ дар Душанбе низ риоя мешуд», – хотиррасон кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки барои ба воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ шинонидан ва фаровардани мусофирон дар ҷойҳои пешбининашуда, яъне ғайр аз истгоҳҳо, ронандагони маршруткаҳо ба маблағи аз 25 то 50 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.