Сафари эъломнашудаи Рекс Тиллерсон ба Афғонистон

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон 23 октябр дар доираи як сафари эъломношуда вориди шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Тиллерсон дар ҳоле аз Кобул боздид мекунад, ки ҳукумати Афғонистон бо пуштибонии Ғарб, баъди хурӯҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, барои саркӯби Толибон мубориза мебарад. Сафорати Амрико […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон 23 октябр дар доираи як сафари эъломношуда вориди шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Тиллерсон дар ҳоле аз Кобул боздид мекунад, ки ҳукумати Афғонистон бо пуштибонии Ғарб, баъди хурӯҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, барои саркӯби Толибон мубориза мебарад.

Сафорати Амрико дар Кобул 23 октябр бо нашри як изҳорот гуфт, котиби давлатии ИМА ва президент Ашраф Ғанӣ бори дигар тасдиқ карданд, ки Вашингтону Кобул ҷонибдори сулҳу субот ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистонанд.

Тиллерсон гуфт, дар стратегияи нави ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ возеҳ гуфта шуда, ки Вашингтон барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва маҳви паноҳгоҳҳои террористон, ки монеи расидан ба ин ҳадаф хоҳанд шуд, ҷонибдори ҳамкорӣ бо Кобул ва шарикони минтақавӣ аст.

Ҳамчунин дар изҳорот қайд шуда, ки президент Афғонистон бори дигар ҳимояти худро аз стратегияи нави ИМА ва ҷонибдории ҳукуматашро аз ислоҳот баён кардааст.

Котиби давлатии ИМА ва президенти Афғонистон дар фурудгоҳи Багром, бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар мулоқот карданд.

Маъмурияти президент Доналд Трамп ахиран стратегияи нави мубориза бо Толибонро муаррифӣ кард. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки ба Афғонистон 3000 сарбози иловагӣ фиристода хоҳад шуд. Дар ин кишвар дар ҳоли ҳозир, 11 ҳазор низомии амрикоӣ қарор доранд.

Боздид аз Кобул як бахши силсилаи сафарҳои Тиллерсон аст, ки то ҳол дар Арабистони Саудӣ ва Қатар анҷом шуданд. Баъд аз Афғонистон ӯ ба Покистон ва Ҳиндустон низ хоҳад рафт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.