Боздошти проректори Донишгоҳи тиббӣ бо 16 ҳазор доллар пора

Муовини ректор (проректор)-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) оид ба қисми таълимӣ, доктори илмҳои тиббӣ, мутахассиси урология Дилшод Солеҳов, ки моҳи сентябр аз ҷониби мақомоти прокуратура ба гумони порагирӣ дастгир шуда буд, аллакай раҳо шуда, аз ӯ баёноти тарк накардани маҳалли зист гирифта шудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини ректор (проректор)-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) оид ба қисми таълимӣ, доктори илмҳои тиббӣ, мутахассиси урология Дилшод Солеҳов, ки моҳи сентябр аз ҷониби мақомоти прокуратура ба гумони порагирӣ дастгир шуда буд, аллакай раҳо шуда, аз ӯ баёноти тарк накардани маҳалли зист гирифта шудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратура хабар дод, Дилшод Солеҳов ба гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, ин маблағро аз падари довталаби аз имтиҳони дохилшавӣ нагузашта бо ваъдаи ба Донишгоҳ қабул кардани писараш ба сифати шаҳрванди Ҳиндустон гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи сентябр боздошт гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ДДТТ, чанд рӯз қабл Дилшод Солеҳов ба ивази баёноти тарк накардни маҳалли зист аз ҳабс раҳо шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.