Ширкати «Умед-88» пулҳои Роғунро харҷ кардааст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошти раҳбарияти ширкати «Умед-88»-ро расман тасдиқ кард. Тавре дар сомонаи Агентӣ дар ин робита иттилоъ дода мешавад, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 06.04 соли 2015, байни ҶСК "НБО Роғун" ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошти раҳбарияти ширкати «Умед-88»-ро расман тасдиқ кард.

Тавре дар сомонаи Агентӣ дар ин робита иттилоъ дода мешавад, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 06.04 соли 2015, байни ҶСК "НБО Роғун" ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Тоҷикистон ва ҶДММ "Умед-88" ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15.05 соли 2015 ба имзо расонида шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сўзишвории дизелӣ ба маблағи 171 млн. сомонӣ сомонӣ ба муҳлати то 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки директори ҶДММ "Умед-88" Идибег Ибрагимов тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Раҷабалӣ Одинаев ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ "Умед-88" ба даст овардани фоидаи муфт, қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифта, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пўшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ "Амонатбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" маблағи беш аз 74 млн. сомониро тасарруф намудаанд.

«Ғайр аз ин, тафтишот муайян намуд, ки масъулини ҶДММ “Умед 88” боз аз дигар бонкҳои ҷумҳурӣ маблағҳои қарзӣ ба миқдори махсусан калон гирифта, дар мавриди ҳозира қарзи ҷамъият дар назди БДА Тоҷикистон «Амонатбонк» ва ҶСК “Агроинвестбонк” маблағи умумии 26 млн. сомонӣ ва 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Ибрагимов ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 264 қисми 2 ва 295 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Қаблан як манбаъ аз Агентии зиддифасод ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки Одинаев дар Душанбе ҳанӯз рӯзи 14 октябр дарҳол баъди мавриди интиқод қарор гирифтанаш аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.