«Ӯ баҳри хизмат ба Ватан ва мардуми худ баргашта буд…»

Маълумот дар бораи боздошти Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкоронашро ба шигифту тааҷҷуб овард. – Абдумалик Саломов шахси хоксору меҳрубон ва ғамхор барои беморон буд ва дар вақти ғайрикорӣ бо чӣ машғул буд, мо таваҷҷуҳ зоҳир […]

Тилав Расулзода, махсус барои Asia-Plus

Маълумот дар бораи боздошти Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкоронашро ба шигифту тааҷҷуб овард.

– Абдумалик Саломов шахси хоксору меҳрубон ва ғамхор барои беморон буд ва дар вақти ғайрикорӣ бо чӣ машғул буд, мо таваҷҷуҳ зоҳир намекардем, зеро инро кори шахсии ӯ медонистем, – мегӯянд ҳамкорони ӯ. – Чун ӯ ҳаҷ кардаву макони муқаддаси Исломро зиёрат карда буд, ҳама ӯро эҳтиром мекарданд.

Зарринахон Саломова, ҳамсари табиб ва корманди Маркази солимии №2-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, давоми 22 соли зиндагии якҷоя ӯ худро ҳамсар ва падари хуб нишон дода, айни замон онҳо як писару се духтар доранд.

Ҳамсари табиб зикр кардааст, ки онҳо дар Русия кору зиндагии хуб доштанд, зеро Саломов дар яке аз госпиталҳои маъруфи ба номи Вишневскиии шаҳри Красногорск ва худаш дар дармонгоҳи шаҳри Маскав кор мекардааст, вале Абдумалик ҳамеша орзу доштааст, ки дар Ватан ва ба мардуми худ хизмат кунад.

– Дар ин ҷо ҳар ҳафта як маротиба ба чойхона рафта, бо ҳамсинфонаш ош мепухтанд, – иброз медорад ӯ. – Гоҳо ӯ шабонарӯзӣ дар бемористон қарор дошт. Дар иду ҷашнҳо ба афроди ниёзманд кумак мекард. Намозро дар хона мехонд. Риш надошт. Чун ҳамаи шахсони зиёӣ либос мепӯшид. Волидонаш низ диндор набуданд.

Ҳамаи ҳамкорони Абдумалик Саломов, ҳамчунин хешу ақрабо ва наздикони ӯ ба адолати судӣ умедвор буда, ҳарчи зудтар ба ҷойи кору назди оила баргаштани ӯро хоҳонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.