Маҳаллаи «8 март»-и Душанбе кӯчонида мешавад

Сокинони кӯчаи Ғанӣ Абдулло (собиқ Пионерская)-и пойтахт аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки хонаҳои онҳоро бидуни мувофиқа бо як қатор шартҳо мекӯчонанд. Дар ин маҳалла замоне шахсиятҳои маъруфи кишвар Нусратулло Махсум, Мирсаид Миршакар, Ғанӣ Абдулло, Суҳроб Қурбонов, Муҳаммад Осимӣ, Султон Эргашев, Ҳанифа Мавлонова, Боқӣ Раҳимзода ва имрӯз низ ҳунармандони шинохта Марат Орифов ва Мушаррафа Қосимов […]

Asia-Plus

Сокинони кӯчаи Ғанӣ Абдулло (собиқ Пионерская)-и пойтахт аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки хонаҳои онҳоро бидуни мувофиқа бо як қатор шартҳо мекӯчонанд.

Дар ин маҳалла замоне шахсиятҳои маъруфи кишвар Нусратулло Махсум, Мирсаид Миршакар, Ғанӣ Абдулло, Суҳроб Қурбонов, Муҳаммад Осимӣ, Султон Эргашев, Ҳанифа Мавлонова, Боқӣ Раҳимзода ва имрӯз низ ҳунармандони шинохта Марат Орифов ва Мушаррафа Қосимов зиндагӣ доранд.

Сокинони гузаргоҳи якуми кӯчаи ба номи ҒанӣАбдулло (феълан Ҳанифа Мавлонова), ки дар қафои собиқ кинотеатри «8 март» ҷойгир аст, бо намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ вохӯрда, он дар назди хонаи баландошёнаи нав, паҳлӯи роҳ дар хиёбони Рӯдакӣ баргузор шуд. Сокинон аз шароитҳои пешниҳодшуда розӣ нестанд.

«Ба мо хонаҳоро нишон доданд. Онҳо калону таъмиршудаанд, лекин наметавон гуфт, ки ҳамааш хуб аст, камбудиҳо ҷой доранд, – мегӯянд сокинони кӯчаи Пионерский. – Моро чизи дигар ташвиш медиҳад, чаро пеш аз зимистон онҳо моро мекӯчонанд, чаро вақте кӯчонидани хонаҳо оғоз мегардад, ҳамааш бо риоя накардани қонунгузорӣ сурат мегирад. Ҳеҷ касе мушаххасан ба мо нафаҳмонидааст, ки кай кӯчонидан оғоз мегардад, чӣ қадар маблағ барои хонаҳои мо пардохт карданианд».

Онҳо мегӯянд, ду сол пеш ба онҳо бо имзои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бидуни муҳру сана коғазҳое расидааст, ки дар он ба шаҳрдорӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои хона ва хотиррасон намудани худдорӣ аз сохтмони иловагӣ ва таъмир дар хонаҳо огоҳ карда мешуд, «вале имрӯз омада мегӯянд, як моҳ муҳлат, ҳама чизатонро бароред».

«Ба мо мегӯянд, ки барои як метри мураббаъи хонаатон 800 доллар пардохт мекунем, агар ба пул розӣ набошед, аз рӯи метри мураббаъи хонаамон ба мо манзили дуҳуҷрагӣ медиҳанд, – мегӯяд сокини кӯча. – Ҳамроҳи мо дар хонаамон боз ду писарам бо оилаашон зиндагӣ мекунанд ва мо акнун чӣ гуна дар хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунем?».

Сокинони кӯча ба намояндагони ҳокимият пешниҳод карданд, ки таъҷилан ситод таъсис дода шавад, то ки ҳамаи мушкилоти пайдошуда расман, бар асоси санадҳои манзил ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳал шавад.

«Мо ба таври хаттӣ ба Президенти мамлакат, раиси шаҳри Душанбе муроҷиат мекунем ва умедворем, ки масъалаи мо одилона ҳал хоҳад шуд», – умедворанд онҳо.

Дар шумораи навбатии газетаи «Азия-Плюс» доир ба ин масъала маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.