Медали биринҷии Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон

Дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимии Тоҷикистон, Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Лаҳистон), Пётр Арвай (Маҷористон), Такая Ямугушӣ (Ҷопон)-ро мағлуб карда, дар даври […]

Asia-Plus

Дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимии Тоҷикистон, Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Лаҳистон), Пётр Арвай (Маҷористон), Такая Ямугушӣ (Ҷопон)-ро мағлуб карда, дар даври нимфинал аз варзишгари Озарбойҷон Зелим Котсоиев шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Олмон Даниел Зорн пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, ин дуюм медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа мебошад. Медали аввалро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кг сазовор гардид. 8 варзишгари мо – Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Муртазо Аминов (-90), Шакармамад Мирмамадов (-100 кг) аз медалҳо бенасиб монданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медали биринҷӣ ҷои 17-умро ишғол кард.

Ҷопон, ки 14 медал – 8 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст овард, сазовори ҷои аввал шуд. Мақоми дуюм бо 5 медал (2-2-1) насиби Озарбойҷон ва ҷои сеюм бо 5 медал (1-2-2) насиби Русия шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.