Ҳайрати иштирокчиёни барномаи телевизиони Русия аз қобилияти тоҷикдухтар

Хонандаи синфи 9 аз шаҳри Душанбе Манижа Тошболтаева дар барномаи «Удивительные люди»-и телевизионии «Россия 1» қобилияти истифодаи ҳисоб (арифметика)-и зеҳниро дар ҳаёти имрӯза намоиш дод. Духтари тоҷик бо чашмонаш суръати ҳаракати автомашинаро муайн кард, ки барои ин қобилияташ узви ҳакамон ӯро «духтар – радар» номиданд. Манижа 15-сола буда, дар мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия ва […]

Asia-Plus

Хонандаи синфи 9 аз шаҳри Душанбе Манижа Тошболтаева дар барномаи «Удивительные люди»-и телевизионии «Россия 1» қобилияти истифодаи ҳисоб (арифметика)-и зеҳниро дар ҳаёти имрӯза намоиш дод.

Духтари тоҷик бо чашмонаш суръати ҳаракати автомашинаро муайн кард, ки барои ин қобилияташ узви ҳакамон ӯро «духтар – радар» номиданд.

Манижа 15-сола буда, дар мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунад. Муддати як сол аст, ки бо ӯ дар Академияи ҳисоби зеҳнии «Империя знаний» дар пойтахти Тоҷикистон аз ҳисоби зеҳнӣ машғулият мегузаронанд. Ин ҷо кӯдакони синии аз 5 то 17-сола таҳсили илм мекунанд.

Шумо бо суроғаи зерин ба ҷонибдории Манижа овоз дода метвавонед. Овоздиҳӣ то 28 октябр идома меёбад. Дар сомонаи шоу иттилоъ дода мешавад, ки ҷоизаи асосӣ 1 млн. рубл мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.