Шароити беҳтари сафар ба Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Туркия

Шаҳрвандони Туркия аз ин ба баъд метавонанд, раводид (виза)-и Ӯзбекистонро бидуни даъватнома дарёфт кунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон, дар ин бора қарори президент Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, бар пояи қоидаи нав, муҳлати додани раводид барои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ се […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шаҳрвандони Туркия аз ин ба баъд метавонанд, раводид (виза)-и Ӯзбекистонро бидуни даъватнома дарёфт кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон, дар ин бора қарори президент Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, бар пояи қоидаи нав, муҳлати додани раводид барои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ се рӯзро ташкил медиҳад.

"Ин қарор раванди додани раводидро осон намуда, барои шаҳрвандони Туркия, ки мехоҳанд, бо сафари корӣ ё сайёҳӣ вориди Ӯзбекистон шаванд, шароити беҳтарро фароҳам хоҳад кард", – мегӯяд кумита.

Бар пояи қоидаи нав, барои шаҳрвандони Туркия, ки бо ҳадафи корӣ ба Ӯзбекистон мераванд, бе даъватнома раводиди якмоҳа дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин шаҳрвандони Туркия, ки мехоҳанд, барои сайёҳат ба Ӯзбекистон раванд, метавонанд бидуни пешниҳоди роҳхати ҷаҳонгардӣ ва даъватнома аз Кумитаи рушди сайёҳии ин кишвар раводиди якмоҳаро ба даст оранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.