Қадршиносии рӯзноманигор Алӣ Фирӯз бо ҷоизаи “Мардонагӣ”-и ба номи Сахаров

Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз бо ҷоизаи "Мардонагӣ"-и ба номи Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Алӣ Фирӯз тайи чанд моҳи ахир дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад.  "Фирӯз дар рӯбарӯи хатари марговар тавонист, табассуми кӯдакона, ҳушёрӣ ва назари неки худро ҳифз кунад. […]

Asia-Plus

Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз бо ҷоизаи "Мардонагӣ"-и ба номи Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Алӣ Фирӯз тайи чанд моҳи ахир дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад.

 "Фирӯз дар рӯбарӯи хатари марговар тавонист, табассуми кӯдакона, ҳушёрӣ ва назари неки худро ҳифз кунад. Адрей Сахаров низ ба дунё ин гуна назари неку соф ва оқилона дошт", – навиштанд созмондиҳандагони ҷоиза дар шарҳи тасмими худ дар Фейсбук.

Номи аслии Алӣ Фирӯз Худобердӣ Норматов аст. Ӯ тайи чанд соли ахир кӯшиш кард, ки ҳаққи паноҳандагии Русияро дарёфт кунад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар шарҳи радди дархости Фирӯз гуфт, рӯзноманигор натавонист исбот кунад, ки дар сурати истирдодаш ба ватан – Ӯзбекистон ҷони ӯ дар хатар аст.

Ин рӯзноманигори ӯзбек 1 август дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Додгоҳи Москва қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Вале Фирӯз то содир шудани ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо, ки шикояти рӯзноманигорро баррасӣ хоҳад кард, дар Русия мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.