Нисбати заминфурӯшон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукм содир шуд

Суди ноҳияи Рӯдакӣ як гурӯҳ заминфурӯшон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии  стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистони Вазорати кишоварзӣ Ҳ.Раҳимовро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Ҳ.Раҳимов (роҳбари ин муассиса аз охири соли 1995) бо ҳаммаслаконаш О.Садриддинов, О.Шарофутдинов, И.Убайдов ва С.Мирзоев дар 73 далели фурӯши қитъаҳои замин бо майдони умумии […]

Суди ноҳияи Рӯдакӣ як гурӯҳ заминфурӯшон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии  стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистони Вазорати кишоварзӣ Ҳ.Раҳимовро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Ҳ.Раҳимов (роҳбари ин муассиса аз охири соли 1995) бо ҳаммаслаконаш О.Садриддинов, О.Шарофутдинов, И.Убайдов ва С.Мирзоев дар 73 далели фурӯши қитъаҳои замин бо майдони умумии 7,43 гектар дар ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор эътироф шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби суд исбот шудааст, ки шаҳрвандони номбурда аз фурӯши қитъаҳои замин дар маҷмӯъ 245,5 ҳазор доллар ва 13 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ба даст овардаанд.

Суд Ҳ.Раҳимовро ба 25 соли зиндон, О.Садриддиновро – ба 24 сол, О.Шарофутдиновро – ба 16 сол, С.Мирзоевро – ба 8 сол ва И.Убайдовро – ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяр дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

«Аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, – гуфт Президент. – Умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.