«Агроинвестбонк» 1,5 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор кард

Бо мақсади солимгардонии вазъи кор, ба яке аз бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон – «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро сабукдӯш кунад. Аз департаменти таҳлил ва ҳамоҳангсозии филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи санади қабулшуда барои солҳои 2017-2019 дар ин самт, талаботи коҳиши хароҷоти бонк, ки ба таъмини шабакаи […]

Бо мақсади солимгардонии вазъи кор, ба яке аз бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон – «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро сабукдӯш кунад.

Аз департаменти таҳлил ва ҳамоҳангсозии филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи санади қабулшуда барои солҳои 2017-2019 дар ин самт, талаботи коҳиши хароҷоти бонк, ки ба таъмини шабакаи филилаҳо, ҳайати кормандон ва дигар моддаҳои хароҷот марбутанд, муқаррар шудааст.

«Ҳамин тариқ, аз оғози сол фаъолияти 103 марказҳои хизматгузории бонкӣ, 5 филиал ва 1 департаменти амалиётӣ боздошта шуд, ки ба туфайли он хароҷот, аз ҷмула коммуналӣ ба таври назаррас кам шуд, – гуфт манбаъ. – Шумори ихтисори кормандони бонк дар ин давра 1520 нафарро ташкил дода, ба санаи 1 октябр ҳайати шахсии кормандони бонк 524 нафар боқӣ монд».

Ба иттилои манбаъ, кормандон музди меҳнатро саривақт гирифта, маош коҳиш наёфтааст, зеро бо назардошти хеле кам шудани ҳайати кормандон, ба ҳайати шахсии боқимонда сарбории корӣ зиёдтар шуд, вале аз соли ҷорӣ  пардохти ҳама гуна иловапулиҳо ба кормандони бонк мутаваққиф шудааст.

Айни замон дар «Агроинвестбонк» оид ба мубодилаи асъор, интиқоли маблағ, нигаҳдории чизҳои арзишманд дар сейфҳо, амалиёти марбут ба пардохти қарз , амонатҳо ва ғайра амалиётҳо анҷом дода мешаванд.

«Бо мақсади коҳиши хароҷот, ҳамчунин мутобиқи тавсияҳои Ширкати байнулмилалии консалтингии «Alvarez&Marsal», аз моҳи июл пардохти фоизҳо ба амонатҳои таъҷилӣ боздошта шуда, пардохти воситаҳо ба саҳмдорон марҳила ба марҳила дар ҳудуди имконоти мавҷуда ва мувофиқи рӯйхат сурат мегирад», – қайд карданд дар бонк.

Қобили зикр аст, ки мизоҷони бонк дар як рӯз метавонанд тариқи кортҳои пластиии бонк то 500 сомонӣ маблағ гиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.