Тарроҳи машҳури Ҷопон ба Тоҷикистон меояд

Иттилоияи расмӣ

Аз 1 ноябр то 3 ноябри соли равон ҳайати намояндагии мубодилаи фарҳангӣ аз Ҷопон ба Тоҷикистон азми сафар дорад. Ҳангоми сафар намояндаи ин  ҳайат, тарроҳ (дизайнер)-и машҳури Ҷопон, хонума Ҷунко КОШИНО барои мардуми Тоҷикистон намоиши муд баргузор хоҳад кард.

Ҷунко КОШИНО дар тамоми дунё, аз ҷумла Пекин, Ню-Йорк Ветнам, Куба, Лаҳистон, Мьянма, намоиши муд гузаронида аст. Соли 2006 бо унвони “Cavaliere dell 'Ordine della Stella della Solidarieta’ Italiana.” (Ордени ситораи баҳодури ҳамфикрии Итолиё) сарфароз гардида аст. Инчунин ӯ аъзои кумитаи тадорукотии Бозиҳои Олимпӣ ва Параломпии Токио-2020 ва Намояндаи махсуси Экспо-2025 Осака мебошад.

Намоиши муд дар Толори калони Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ) рӯзи 2 ноябри соли 2017 соати 16:00 баргузор мегардад.

Дар чорабинии мазкур маҷмуи сарулибоси тарроҳи Ҷопонӣ Ҷунко КОШИНО ва тарроҳи тоҷик Нафиса ИМРАНОВА нишон дода мешавад.

Баъди намоиши муд, филми ҳунарии ҷопонӣ “Доимо: Ғуруб дар хиёбони 3” намоиш дода мешавад. (Филм дар бораи Бозиҳои Олимпи соли 1964 дар Токио, соли 2012 ба навор гирифта шудааст)

Даромад ройгон аст! Ҷои нишаст маҳдуд!

Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ аз ҷониби Бунёди Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ) баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.