Шиносномаи тоҷикӣ яке аз «заифтарин»-ҳо дар паҳнои пасошӯравӣ

Дар рейтинги навшудаи «беҳтарин шинсономаҳо» (Individual Passport Power Rank) Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Гаити зинаи 148-умро ишғол кардааст. Шиносномаи хориҷии тоҷикӣ ба сафар бидуни раводид ба 54 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад. Мувофиқи рейтинги таҳияшуда аз ҷониби ширкати консалтингии канадагии Arton Capital, шаҳрвандони Тоҷикистон ба 31 аз ин давлатҳо бидуни раводид ворид шуда, ба 23 кишвари боқимонда […]

Asia-Plus

Дар рейтинги навшудаи «беҳтарин шинсономаҳо» (Individual Passport Power Rank) Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Гаити зинаи 148-умро ишғол кардааст. Шиносномаи хориҷии тоҷикӣ ба сафар бидуни раводид ба 54 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад.

Мувофиқи рейтинги таҳияшуда аз ҷониби ширкати консалтингии канадагии Arton Capital, шаҳрвандони Тоҷикистон ба 31 аз ин давлатҳо бидуни раводид ворид шуда, ба 23 кишвари боқимонда бо расидан ба ин кишварҳо раводид мегиранд.

Пешсафи ягонаи рейтинг Сингапур аст, ки бо шиносномаи ин кишвар бидуни раводид ё зимни расидан гирифтани он метавон ба 169 кишвари дунё сафар кард. Зинаи дуюмро Олмон (158) ва мақомҳои сеюму чорумро Шветсия ва Кореяи Ҷанубӣ (157 кишвар) касб кардаанд.

Шиносномаҳои Ироқу Покистон (26 кишварӣ), Сурия (29) ва Афғонистон (22) заифтарин номбар шудаанд. Дар паҳнои пасошӯравӣ аз ҳама бештар ба кишварҳо (149) бидуни раводид сокинони Литва ва Латвия рафта метавонанд. Дар зинаҳои баъдӣ Эстония (148), Украина (120), Русия (108), Гурҷистон ва Молдова (105-ӣ) ҷойгир шудаанд.

Сокинони Озарбойҷон (64), Арманистон (59), Қирғизистон (58), Тоҷикистону ва Ӯзбекистон (54-ӣ) ва Туркманистон (48) низ нисбатан шиносномаҳои заиф доранд.

Рейтинг дар маҷмӯъ 199 кишвари дунёро фаро гирифтааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.