Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Торонтои Канада қисмати хотимавии Конгресси Иттиҳоди байнулмилалии ҳуқуқшиносон доир мегардад, ки дар кори он раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов низ иштирок дорад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.7977 сомонӣ; 1 евро – […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Торонтои Канада қисмати хотимавии Конгресси Иттиҳоди байнулмилалии ҳуқуқшиносон доир мегардад, ки дар кори он раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов низ иштирок дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7977 сомонӣ;

1 евро – 10.2141 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1485 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2000 – Дар Тоҷикистон асъори нави миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

2013 — Дар Маскав Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома аз 16 октябри соли 2004 дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ, муҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия то се сол дароз карда шуд.

2013 — Тоҷикистону Афғонистон ва Русия Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни хадамоти марзбонии кишварҳоро ба имзо расониданд

1926 – Зодрӯзи олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.

1946 – Мавлуди муовини раиси Иттифоқи байнулмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳуқуқшиносони «Иттифоқи байнулмилалии ҳуқуқшиносон» Файзулло Абдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +18+20.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.