Дар бузургтарин бозори Қӯрғонтеппа сӯхтор ба амал омад

Субҳи рӯзи 29 октябр дар бузургтарини бозори маркази маъмурии вилояти Хатлон – бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхтор ба амал омад. Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, сӯхтор миёни соатҳои 7-8 дар қисмати дӯконҳои фурӯши масолеҳи сохтмон сар задааст. Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс», ба ҷойи сӯхтор 15 адад дастаҳои оташнишонӣ ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд. Бар […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 29 октябр дар бузургтарини бозори маркази маъмурии вилояти Хатлон – бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхтор ба амал омад.

Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, сӯхтор миёни соатҳои 7-8 дар қисмати дӯконҳои фурӯши масолеҳи сохтмон сар задааст.

Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс», ба ҷойи сӯхтор 15 адад дастаҳои оташнишонӣ ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд. Бар асари сӯхтор 4 мағоза оташ гирифтааст.

Дар бораи сабабҳои сар задани сӯхтор алҳол маълумот дастрас нест. Дар ҷойи ҳодиса комиссия машғули кор аст, ки зиёни расидаро муайян мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.