Ҷашни 20-солагии мактаби Русия дар Тоҷикистон

Мактаби рақами 6-и Вазорати мудофиаи Русия, воқеъ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 20-солагии таъсисёбиашро бо консерти идона ҷашн гирифт. Дар маросими ҷашн омӯзгорону хонандагони мактабро ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сафорати Русия дар ҷумҳурӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарони мактабҳои олӣ табрик карда, ҳамчунин фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия […]

Asia-Plus

Мактаби рақами 6-и Вазорати мудофиаи Русия, воқеъ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 20-солагии таъсисёбиашро бо консерти идона ҷашн гирифт.

Дар маросими ҷашн омӯзгорону хонандагони мактабро ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сафорати Русия дар ҷумҳурӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарони мактабҳои олӣ табрик карда, ҳамчунин фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский низ номаи табрикотӣ ирсол намуд.

Барои ҳамаи меҳмонон, ки дар ин рӯзи ид дар саҳни мактаб хеле зиёд ҷамъ омада буданд, толибилмони мактаб ва омӯзгорон консерти идона намоиш доданд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз соли 1997 дар Душанбе фаъолият дорад. Бинои мактаб дар маркази шаҳр аз 3 ошёна иборат буда, синфу озмоишгоҳ, ошхонаву китобхона, толорҳои варзишу машқ ва дигар синфҳо барои машғулияти маҳфилҳои гуногун бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.

Қобили зикр аст, ки сатҳи таълим дар муассисаи мазкур маъмулан баланд буда, ҳамасола то 97 фоизи хатмкунандагони муассиса ба макабҳои олии Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дохил мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.