Анҷоми тафтиши ҳодисаи муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованское

Asia-Plus

Раёсати Кумитаи тафтишот дар Маскав тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованскоеро, ки 14 майи соли 2016 рух дода бар асари он 3 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда буданд, ба итмом расонид, хабар медиҳад РБК.

Дар маҷмӯъ аз рӯи ин парванда 17 нафар дар курсии айбдорӣ қарор доранд, ки миёни онҳо метавон бахусус сардори шуъбаи хизматгузории дафни №3-и Муассисаи давлатии буҷетии «Ритуал»-и Маскав Юрий Чабуев, собиқ корманди пулис Никита Мошенко ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарников, ҳамчунин иштирокчиёни бетартибиҳо Сергей Улихин ва Владимир Колесниковро зикр кард. Онҳо ба ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор карда мешаванд.

Вобаста ба нақши ҳар кадоме дар ин муноқиша ба онҳо тибқи моддаҳои ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, расонидани зарари вазни ҷисмонӣ, ки ба марги ду нафар боис шудааст, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо оқибатҳои вазнин айбнома пешниҳод шудааст.

Ба эҳтимоли мақомоти тафтишот, муноқишаву бетартибиҳоро Чабуев ва Бочарников ташкил кардаанд, то ки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро аз қаламрави оромгоҳи Хованское берун кунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 майи соли 2016 бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар осеб диданд.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, муноқиша бо иштироки коргароне, ки онҳоро барои ободониву нигоҳубини қабрҳо киро мекунанд, сурат гирифта, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бино ба маълумоти ВКД, дар муноқиша асосан зодагони Осиёи Миёна ва Қафқози Шимолӣ ҳузур дошта, сабаби муноқиша тақсими соҳаҳои нуфуз аст. Барои кор дар оромгоҳ муҳоҷирон ба «пуштибонон» ё худ «боло» аз ҳар фармоиш 10% маблағ пардохт мекарданд. Вале чанде пеш аз занозанӣ зодагони Қафқози Шимолӣ ба оромгоҳ омада, талаб мекунанд, ки пардохт то 20-30% зиёд шавад. Кормандони оромгоҳ гуфтаанд, маҳз ҳамин талаб ба муноқиша боис шудааст.

Моҳи август ВКД парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованскоеро ба баррасии суд фиристод. Парвандаҳои ҷиноии бозшуда мутобиқи моддаҳои 213 (авбошӣ), 115 (қасдан расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ) ва 167 (қасдан нобуд ё зарар расонидан ба амвол) якҷоя ба баррасӣ гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...