Як тадбир: то муҳоҷиронро ифротӣ нагӯянд

Date:

Аз миёни онҳое, ки ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб мегарданд, муҳоҷирони меҳнатӣ қишри осебпазир пазируфта шудаанд. Барои эмин нигоҳ доштани эшон аз фиреби гумоштагони ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чӣ тадбирҳоро рӯйи кор овардааст? Дар ин боб бо сардори раёсати мазкур Маҳмуд Хоркашев ҳамсуҳбат шудем.

– Оё бо он шахсоне, ки аз ҳудуди вилояти Хатлон ба кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда барои кор мераванд, дар қаламрави вилоят барои шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ суҳбат гузаронида мешавад? 

МЕДИА (IFRAME)

Дар нӯҳ моҳи соли 2017 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 161 ҳазору 749 нафар ба хориҷи кишвар сафар карданд, ки аз ин 139 ҳазору 909 нафараш мард ва 21 ҳазору 840 нафараш зан мебошанд. Манзурам ин аст, ки бо тамоми муҳоҷирони меҳнатии ба хориҷа, асосан ба Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳое, ки бо мо дар самти корӣ шартномаи байнидавлатӣ доранд, пайваста суҳбат мекунем ва вохӯриҳо мегузаронем, то ин ки онҳо оид ба тартиби муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд. Ва дар баробари кор кардан ҳуқуқҳояшонро ҳам ҳимоя карда тавонанд.

Бо ин мақсад фақат дар нӯҳ моҳи соли 2017 дар маҷмӯъ дар 26 шаҳру ноҳияи вилоят 498 вохӯрӣ ташкил карда шуд, ки дар онҳо 64 ҳазору 470 сокинони вилоят иштирок карданд. Мо бо онҳо дар мавзӯи муҳоҷират суҳбат кардем, ки пеш аз рафтан бояд чиро донанд. Онҳо бояд ба кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда бо тайёрии пурра раванд, бояд забони русиро хуб донанд, ихтисос дошта бошанд, мутахассис бошанд. Ҳамзамон, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ тибқи нақшаи кории муайян оид ба пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мо бо онҳо ҳамеша ҳамсуҳбат мешавем ва ҳама нозукиҳои масъаларо мефаҳмонем. Чунки имрӯз дар байни он муҳоҷироне, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд ё дар Русия ҷойи зисти доимӣ доранд, як зумра ашхос фаъолият карда истода, онҳоро ба таври номаълум ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳамроҳ карда, гумроҳашон мекунанд. Ҳарчанд ҳамаи мо медонем, ки онҳоро аз Русия тариқи Туркия ба Сурия мебаранд, аммо вақти ҷалб кардан мақсадашонро дигаргуна шарҳ медиҳанд. Яъне он гумоштагони экстремистону террористон ба кори худ ба таври пухта тайёр шуда, ба нафарони зери таъсирашон афтода маблағҳои калон ваъда медиҳанд. Онҳо мехоҳанд, ки нафарони ноогоҳро ба ҳамон падидаҳои номатлуб шарик кунанд. Ва ҳамроҳшавии шаҳрвандони мо низ ба он гуна гурӯҳҳо истисно нест. Мақсад аз вохӯриҳои мо бо мардум огоҳ кардани онҳо аз ҳамин навъ хатарҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Мардум бояд ба таври комил фаҳманд, ки дар он кишварҳои ба ҷанг кашидашудаи арабӣ ҳеҷ гуна ҷиҳод нест ва ба ваъдаҳои бардурӯғи гумоштагони экстремистону террористон бовар накунанд. Дар байни он гурӯҳҳо натанҳо мусалмонҳо, балки ғайридинҳо низ ҳастанд. Аз ин маълум мешавад, ки мақсад аз ташкили он ҷангу ҷадал дигар аст. Ин андешаҳои худро мо ба воситаи телевизион, радио ва рӯзнома ва ҳам вохӯриҳо пайваста ба мардум расонида, аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дуруст кор кунанд, дуруст меҳнат кунанд ва соҳиби маблағ шаванд, то ин ки зану фарзандони онҳо ва дигар аҳли оилаи онҳо зиндагии худро ба дурустӣ пеш баранд. Аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас нафъ нарасидааст ва нахоҳад расид.

 

 

– Оё дар он вохӯриҳо намояндагони дигар ниҳодҳо низ шуморо ҳамроҳӣ мекунанд ё не?

Дар охири ҳар сол мо барои соли оянда нақшаи кории нимсолаю яксола тартиб медиҳем, ки он бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ мувофиқа мешавад. Ба хотири он, ки ин вохӯриҳо ҳам ба ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳам ба ҷамоатҳо ва ҳам ба он корхонаҳое, ки мо бо кормандонашон суҳбат меороем, алоқаманд аст. Дар куҷое, ки вохӯрӣ гузаронидем, он ҷо албатта, масъулони вилоят, раиси шаҳр ё ноҳия, ё муовинонашон иштирок кардаанд. Вохӯриҳо дар ҳамдастӣ боз ҳам пуртаъсир барпо мешаванд.

– Оё ба масъалаҳои динӣ ҳам худи шумо равшанӣ меандозед? Ба вохӯриҳо рӯҳониён даъват намешаванд, то зиддияти мақсадҳои зишти террористону экстремистонро бо исломи ҳақиқӣ ба муҳоҷирон ва наздикони онҳо дуруст фаҳмонида тавонанд? 

МЕДИА (IFRAME)

Дар ҳама вохӯриҳо, албатта, намояндагони ҳама табақаи ҷомеа, мисли мутасаддиёни ҳукумат, ҷамоат, маҳалла, бахши танзими расму оинҳои миллӣ, масҷидҳо ва имом-хатибонро даъват мекунем. Даъват мешаванд, то мардумро фаҳмонанд. Мардум онҳоро мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Вақте мо риштаи суханро ба намояндагони дин медиҳем, шукри Худо, ки ҳамаашон соҳибилм ҳастанд, мутахассисони хуби кишвар ҳастанд ва баромадҳои ҳамаашон ҳамеша мусбат ва манфиатовар ҳастанд. Мақсади чӣ намояндагони давлат ва чӣ дин як аст – он нафароне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва дигар мардум ба гапҳои беҳуда, суханони пуч дода нашаванд ва ақидаю рӯҳияи тозаро дар замир парваранд. Гуфта метавонам, ки фаҳмиши мардум дар бобати мароми ифротгароён аллакай дигар шудааст ва онҳо ҳам худро аз таъсири онҳо ба куллӣ ҳимоя карда метавонанд ва ҳам дар зарурат ҳуқуқҳои шаҳрвандияшонро дифоъ карда метавонанд. Яъне, ин солҳои пеш буд, ки он гурӯҳҳои номатлуб бархе аз мардумро барои пайвастан ба сафҳои худ талқин карда метавонистанд. Ҳоло мардум онҳоро қабул надоранд. Ва мароми муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам на бо нохалафон ҳамроҳ шудан, балки бояд ҳалол меҳнат карда, дар зиндагӣ ба муваффақият ноил гардидан бошад.

– Ҳамаи ин вохӯриҳое, ки зикр кардед, бо он муҳоҷироне гузаронида шудаанд, ки ҳатман боре ба Тоҷикистон бармегарданд. Аммо барои ба гурӯҳҳои номатлуб напайвастани он тоҷикистониҳое, ки солиёни зиёд аз Русия ба ватан бар нагаштаанд, аз ҷониби шумо чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? 

МЕДИА (IFRAME)

Суоли бомаврид. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, имрӯз 98,5 дарсади шаҳрвандони мо маҳз дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Биноан, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳрҳои калони Русия таъсис дода шуда, 84 ҷамъиятҳои тоҷикон аз қайди Вазорати адлияи Федератсияи Русия гузаштаанд. Ва аз он ҷамъиятҳо 23-тояш ба сокинони вилояти Хатлон тааллуқ доранд. Мо доимо бо роҳбарони онҳо суҳбат мекунем, тамос мегирем ва барои дидору мулоқот ба Тоҷикистон даъват мекунем. Он ҷамъиятҳо низ нақшаи кории хоса доранд. То ҷое ба мо гуфтанд, бо муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбат мекунанд, онҳоро қабул мекунанд, дар вақти зарурат ёрӣ мерасонанд ва ба қадри имкон барои ҷойи кор пайдо кардан дастгирияшон мекунанд. Агар як қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрванди Русия шуда бошанд ҳам, ҳамеша дар фикри мубориза бурдан бо он гурӯҳҳои ифротгаро ҳастанд. Аз суҳбатҳои хоса бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон инро медонам, ки онҳо аз масъалаи мавриди назар ба хубӣ огоҳ ҳастанд ва корҳои оммафаҳмониро қатъ намекунанд. Дар қароргоҳҳои ҷамъиятҳояшон идҳои миллию давлатии моро ҷашн мегиранд ва бар замми ин вохӯриҳо ташкил мекунанд.

– То ҷое ман фаҳмидам, раёсат ва ҳам хадамоти шумо дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо миёни он муҳоҷирони меҳнатии маскуни Русия ба хотири қатъ кардани гаравиши тоҷикистониҳо ба ҳакаратҳои ифротгароён ба таври бевосита вохӯриҳо доир намекунанд…

МЕДИА (IFRAME)

Мо чунин шароит надорем, ки рафта дар он ҷо вохӯриҳо гузаронем, лекин мутасаддиёни раёсат ва шуъбаю бахшҳои мо дар ҳамдастӣ бо марказҳои фаҳмондадиҳии пеш аз сафар, ки дар вилояти мо дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва дар дигар ҷойҳо ташкил шудааст, ба мардум ҳамаро мефаҳмонанд, маслиҳат медиҳанд, кор мебаранд. Такрор мекунам, ки ҳоло худи мардум кӣ будани ифротгароёнро хуб медонанд, зеро мардуми мо мардуми босавод, бофаҳм ва бофаросатанд.     

– Ахиран як намояндаи дини ислом аз ҳудуди Русия шиква аз он кард, ки ҳамтоҳои тоҷикистонияш дар самти заиф кардани таъсири ифротгароён бо мақомотҳои Русия ҳамкорӣ надоранд…

Чуноне болотар гуфтам, намояндагони дин аз Тоҷикистон ё намояндагони масҷидҳо, ё хадамоти динии мо донишманд ҳастанд, мадрасаҳои исломии Тоҷикистонро хатм кардаанд, доир ба масъалаи экстремизму терроризм нуқтаи назари дурусти худро доранд. Бинобар ин, ман боварӣ дорам, ки рӯҳониёни мо дар ин ҷо ба он шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, роҳи дурустро мефаҳмонанд ва талқинашон мекунанд, ки ба ягон хел гурӯҳи террористию экстремистӣ ҳеҷ гоҳ дохил нашаванд ва танҳо ба меҳнат машғул шаванд ва рӯзгорашонро беҳтар созанд. Зеро мо ҳоли он нафаронеро, ки аз бефаҳмӣ ба он гуна гурӯҳҳо дохил шуда буданд, бо чашми худ дидем. Дидем, ки дар чӣ ҳол буданд ва ба чӣ ҳол афтиданд. Ба оилаҳояшон зарари моддию иқтисодӣ ва ба хешу табори худ зарари ҳаматарафа расониданд. 

МЕДИА (IFRAME)

Мо дар оянда низ ба хиради азалии мардуми хеш такя карда, тавассути вохӯрию суҳбат онҳоро аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротгаро бозмедорем. Ҳарчанд Тоҷикистон як кишвари тозаистиқлол аст, аммо дар ин ҷо дар фурсати кӯтоҳ зиндагии мардум хуб карда шуд. Бовар дорам, ки агар мо кор кунем, меҳнат кунем, дар ҳамин шароите, ки ҳоло Тоҷикистон қарор дорад, давлати мо ба яке аз беҳтарин давлатҳои дунё мубаддал мегардад. Зеро мардуми тоҷик мардуми меҳнатқарин, соҳибтамаддун ва таҳаммулпазиранд.

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...