Ба Душанбе сардӣ меояд. Интиқоли гармӣ ба хонаҳо зиёд мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар робита ба нисбатан сардшавии обуҳаво, Маркази барқу гармидиҳии-2 Душанбе интиқоли нерӯи барқ ва гармиро ба истеъмолгарон зиёд мекунад.

«Бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик».

Дар маълумот қайд мешавад, ки МБК-2 Душанбе  охири моҳи октябри соли равон ба кор шурӯъ карда, айни замон ҳол иқтидори истеҳсолии он ба 240-260 МВт нерӯи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад ва дар як вақт корҳои омодасозӣ ва пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода бори навбатӣ шаҳрвандони кишварро ба сарфакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ даъват кардааст.

Исмоилзода зикр мекунад, ки «айни замон, дар овоне, ки ба муштариён бемаҳдудият барқ дода мешавад ва вобаста ба рӯз то рӯз сард шудани ҳаво талабот ба барқ бамаротиб меафзояд, мо аз сокинони кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд».

«Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини фаъолияти боэътимоди онҳо кафолат медиҳанд. Ҳар сокини кишвар бояд ба низоми ягонаи энергетикии кишвар чун ба боигарии миллии ватани азизи худ муносибат намояд», – омадааст дар муроҷиатномаи роҳбари ширкат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.