Интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон боз оғоз мегардад

Зимни гуфтушуниди чанде қабли ширкатҳои газтақсимкуни кишварҳо дар Тошканд, оид ба дубора оғози интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст. «Айни замон мо рӯи ин масъала кор мекунем, пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди нархи газро баррасӣ дорем. Умедворем, ки ояндаи наздик интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя дубора барқарор мешавад», – гуфт […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни гуфтушуниди чанде қабли ширкатҳои газтақсимкуни кишварҳо дар Тошканд, оид ба дубора оғози интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст.

«Айни замон мо рӯи ин масъала кор мекунем, пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди нархи газро баррасӣ дорем. Умедворем, ки ояндаи наздик интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя дубора барқарор мешавад», – гуфт як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз».

Намояндаи «Тоҷиктрансгаз» аз ифшои нархи харидории газ аз ҳамсоякишвар худдорӣ варзида, лекин қайд кард, ки арзиши пешниҳодшуда аз нархҳои ҷаҳонӣ ба гази табиӣ поинтар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон нархи 1 ҳазор метри мураббаъ гази табиӣ дар бозорҳои ҷаҳон наздики 300 долларро ташкил медиҳад.

Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро соли 2012 комилан қатъ намуда, ин амали худро «камбуди захираҳо» унвон карда буд.

Шурӯъ аз соли 2008 Ӯзбекистон нархи гази табиӣ барои Тоҷикистонро тадриҷан боло бурда, ҳамзамон ҳаҷми интиқоли онро кам мекард.

Ҳамин тариқ, арзиши гази Ӯзбекистон аз 145 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб дар соли 2008 то ба 300 доллар дар соли 2012 боло рафт. Ҳаҷми интиқол бошад, аз 600 млн. метри мукааб дар соли 2008 то ба 200 млн. метри мукааб дар соли 2012 коҳиш ёфт.

Аз он замон қариб ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки ба сифати сӯзишворӣ аз газ истифода мекарданд, технологияро иваз намуда, ба истифодаи дигар навъҳои сӯзишворӣ гузаштанд. Дар Тоҷикистон гази табиӣ дар ҳаҷми начандон зиёд дар вилояти Хатлон истихроҷ мешавад, ки ҳамагӣ каме бештар аз 3 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки баррасии масъалаи барқарор намудани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баъди сари мансаб омадани президенти амалкунандаи кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва хуб шудани муносибатҳо миёни давлатҳо имконпазир гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ