Ба Душанбе сардӣ меояд. Интиқоли гармӣ ба хонаҳо зиёд мешавад

Дар робита ба нисбатан сардшавии обуҳаво, Маркази барқу гармидиҳии-2 Душанбе интиқоли нерӯи барқ ва гармиро ба истеъмолгарон зиёд мекунад. «Бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик». Дар маълумот қайд мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар робита ба нисбатан сардшавии обуҳаво, Маркази барқу гармидиҳии-2 Душанбе интиқоли нерӯи барқ ва гармиро ба истеъмолгарон зиёд мекунад.

«Бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик».

Дар маълумот қайд мешавад, ки МБК-2 Душанбе  охири моҳи октябри соли равон ба кор шурӯъ карда, айни замон ҳол иқтидори истеҳсолии он ба 240-260 МВт нерӯи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад ва дар як вақт корҳои омодасозӣ ва пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода бори навбатӣ шаҳрвандони кишварро ба сарфакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ даъват кардааст.

Исмоилзода зикр мекунад, ки «айни замон, дар овоне, ки ба муштариён бемаҳдудият барқ дода мешавад ва вобаста ба рӯз то рӯз сард шудани ҳаво талабот ба барқ бамаротиб меафзояд, мо аз сокинони кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд».

«Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини фаъолияти боэътимоди онҳо кафолат медиҳанд. Ҳар сокини кишвар бояд ба низоми ягонаи энергетикии кишвар чун ба боигарии миллии ватани азизи худ муносибат намояд», – омадааст дар муроҷиатномаи роҳбари ширкат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ