Эмомалӣ Раҳмон «духтар-радар» ва «духтар-калкулятор»-ро ифтихори тоҷикон номид

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ дар Душанбе, ба истеъдоди духтарони тоҷик – ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба математикаи зеҳнӣ Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева баҳои баланд дод.

Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Савари давлат «ифтихори мардуми тоҷик» номид. Ӯ аз мактаббачон даъват кард, ки аз онҳо ибрат гирифта, бештар донишу маъруифат андӯзанд.

Манижа Тошболтаева вва Ёсуман Исмонзода рӯзҳои 22 ва 29 октбяр дар барномаи "Удивительные люди”-и шабакаи телевизиони Русия бо истеъдоди худ тамошобинонро дар ҳайрат гузоштанд.

Барои қобилияти фавқулода дар ҳисобу китоби математикӣ якеро «духтар-калкулятор»-у дигариро «духтар-радар» номиданд: Ёсуман дар 2 дақиқа мисол бо 100 рақамро ҳал намуда, Манижа бо чашм суръати ҳаракати автомашинаро муайян кард.

Ҳарду ҳам дар олимпиадаи “GeniusKid-2017”, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар Маскав доир гардид, ғолибият ба даст оварданд. Дар ин олимпиада аз 11 кишвари саросари дунё 250 нафар ҳамсолони онҳо иштирок доштанд.

Ба ҷуз ҷоизаву туҳфаҳо, Ёсуман Исмонзода барои иштирок дар марҳилаи минбаъдаи озмуни «Арифметикаи зеҳнӣ», ки моҳи декабри соли равон дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, ҳуқуқ пайдо кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.