Осеби муҳоҷирони тоҷик аз садамаи автобус дар Қирғизистон

Дар шоҳроҳи Бишкек – Ош як микроавтобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба садамаи нақлиёт дучор шуд, менависад Turmush. Бино ба иттилои манбаъ, садама субҳи барвақти ҳамин рӯз, 7 ноябр дар мавзеи деҳоти Отуз-Адири ноҳияи Қара-Суй, дар километри 15-уми роҳи мошингарди Бишкек – Ош ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи «Ниссан Алмера» бо […]

Asia-Plus

Дар шоҳроҳи Бишкек – Ош як микроавтобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба садамаи нақлиёт дучор шуд, менависад Turmush.

Бино ба иттилои манбаъ, садама субҳи барвақти ҳамин рӯз, 7 ноябр дар мавзеи деҳоти Отуз-Адири ноҳияи Қара-Суй, дар километри 15-уми роҳи мошингарди Бишкек – Ош ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи «Ниссан Алмера» бо микроавтобуси «Мерседес-Бенс-Спринтер» 5 нафар осеб дида, ҳамаашон ба бемористон фиристода шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар микроавтобус 6 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва бор қарор дошта, тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо аз Русия бармегаштаанд.

 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ