ICI тарҳи нави саркашии мансабдорони баландпояро аз пардохти андоз ошкор кард

Консорсиуми байналхалқии пажуҳиши рӯзноманигорӣ (ICI) маҷмуи ҳуҷҷатҳои навро нашр кард, ки ин маҷмуа аз рӯи ҳаҷм ва муҳтаво бо "парвандаҳои Панамо" баробар аст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабарнигорони Консорсиум бо омӯзиши наздики 13,4 миллион ҳуҷҷатҳои махфӣ тарҳи нави саркашии мансабдорони баландпояро аз пардохти андоз ошкор кардаанд. Натиҷаи пажуҳиш, ки номи "парвандаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Консорсиуми байналхалқии пажуҳиши рӯзноманигорӣ (ICI) маҷмуи ҳуҷҷатҳои навро нашр кард, ки ин маҷмуа аз рӯи ҳаҷм ва муҳтаво бо "парвандаҳои Панамо" баробар аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабарнигорони Консорсиум бо омӯзиши наздики 13,4 миллион ҳуҷҷатҳои махфӣ тарҳи нави саркашии мансабдорони баландпояро аз пардохти андоз ошкор кардаанд.

Натиҷаи пажуҳиш, ки номи "парвандаи биҳишт" ё "Варақаҳои ҷазираҳои биҳишт" (Paradise Papers)-ро гирифтааст, 5 ноябр нашр шуд. Пажуҳиш ба робитаи мансабдорони баландпояи ҳукумати Доналд Трамп бо наздикони президенти Русия Владимир Путин низ рушанӣ меандозад.

Дар ин пажуҳиш номи вазири тиҷорати Амрико Уилбур Росс зикр мешавад, ки бо ширкати Navigator Holdings-и бритониёӣ робитаи тиҷоратӣ дорад. Navigator Holdings дар навбати худ бо бузургтарин ширкати нафту кимиёии Русия "Сибур" ҳамкорӣ мекунад. Дар ин бора "Мавҷи Олмон" хабар медиҳад.

Телевизиони Би-би-сӣ хабар дод, ки лорд Майкл Эшкрофт, муовини пешини раиси Ҳизби консерваторони Бритониё талош кардааст, аз пардохти андоз саркашӣ кунад. Гап дар бораи даҳҳо миллион фунт стерлинг меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ