Пораи 2 млн. доллари Улюкаевро дар додгоҳ нишон медиҳанд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи вазири пешини рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев 2 миллион долларро ба додгоҳ оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузориҳо, ҷониби айбдоркунанда тасмим дорад, пулҳоеро, ки бояд вазир ҳамчун пора қабул мекард, дар додгоҳ ҳозир кунад. Пулҳо дар қуттии калон ва халтаи селофанӣ ҷой доштаанд.

Гуфта мешавад, моҳи октябр додситон дар додгоҳ навореро нишон дод, ки лаҳзаи эҳтимолии порагирии Улюкаевро сабт карда буд. Дар яке аз наворҳо дида мешуд, ки вазир чӣ гуна аз мошин берун мешавад ва халтаи дар паҳлӯи сарои "Роснефт" бударо мегирад.

Улюкаев моҳи ноябри соли гузашта дар коргоҳи "Роснефт" боздошт шуд. Ба иттилои тафтишот, мансабдори давлатӣ аз роҳбари ширкати мазкур Игор Сечин барои баҳои мусбат додан ба шартномаи хариди "Бушнефт" пора талаб кардааст.

Вазири пешин ин айбҳоро рад мекунад. Улюкаев мегӯяд, боздошти вай иғвоангезии роҳбарияти "Роснефт" ва Хадамоти амнияти федеролӣ аст. Вазири пешин дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.