Раиси БМТ ба иҷрои супориши раиси парлумон шитоб надорад

Asia-Plus

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода то имрӯз супориши раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуровро дар мавриди пешниҳоди маълумот доир ба 4 бонки дучори мушкилот иҷро накардааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.

Ба раиси БМТ супориш дода шуда буд, ки дар муддати ду ҳафта оид ба вазъи мавҷуда дар бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, онро ба Зуҳуров пешниҳод намояд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, чанде қабл, рӯзи 8 ноябр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ расман ба раиси БМТ супориши дар боло зикршударо хотиррасон кардааст. «Аз эҳтимол дур нест, ки ояндаи наздик палатаи поёнии парлумон боз ин масъаларо ба баррасӣ хоҳад гирифт», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки санаи 18 октябр вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов дар ҷаласаи парлумон истеъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро тақозо намуд.

Ба гуфтаи ӯ, «чунин фоиз ба қарзҳо, ки имрӯз бонкҳои кишвар ба соҳибкорону аҳолӣ пешниҳод мекунанд, танҳо барои фурӯшандагони маводи мухаддири Колмубия ё Мексика қобили истифода аст».

«Аввали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷкистон дар бораи ҷудо кардани 3 млрд. 250 млн. сомонӣ барои ҳалли масъалаҳои бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» қарор қабул кард, вале то имрӯз саҳмгузорони ин бонкҳо пулҳои худро бозпас гирифта натавониста, аз дасти Бонки миллӣ ҳеҷ коре намеояд», – изҳор дошт вакил.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки « имрӯз бонкҳои кишвар эътимоди сармоягузорону саҳмгузоронро пурра аз даст дода, мушкилоти онҳо ба дарди сари ҳукумат, парлумон ва дар ниҳояти кор Президент мубаддал шудааст».

 «Дар ҳолати мавҷуда саҳмгузорони ин бонкҳо аз гирифтани фоизҳои амонати худ даст кашида, танҳо худи маблағи амонатро бозпас гирифтан мехоҳанд, – гуфт дар идома Зуҳуров. – Ин дар дунё ҳодисаи гӯшношунид аст».

Ӯ ба раиси Бонки миллӣ дастур дод, ки дар муддати ду ҳафта доир ба вазъи мавҷуда маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ ҳисобот диҳад, ки «кай билохира мушкилоти саҳмгузорон ҳаллу фасл мешавад».

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода посух дод, ки дар навбати худ имрӯз бонкҳо қарзҳои қаблан додаи худро, ки 4 млрд. 600 млн. сомониро ташкил медиҳад, баргардонида наметавонанд.

Дар посух ба изҳороти раиси Ҳизби демократ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки «пеш аз талаби истеъфои ӯ, як каме андеша мебояд кард…».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.