Роҳхати мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2018

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19)  таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии даври охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи аввалро ишғол намуда, мустақиман ба даври финалии […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19)  таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии даври охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи аввалро ишғол намуда, мустақиман ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони синни то 19-сола роҳхат гирифт, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар гурӯҳи «В» бо 10 имтиёз зинаи аввалро тими мунтахаби Тоҷикистон, мақоми дуюмро бо 9 имтиёз – Ӯзбекистон, ҷойи сеюмро бо 7 хол – Бангладеш касб карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ