Раҳматилло Зоиров: лату кӯби ман тарҳрезишуда аст

Радиои Озодӣ

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди ношинос қарор гирифт.

Зоиров рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамла шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме сагашро ба берун бароварда буд, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт иттифоқ афтодааст.

Сиёсатмадор ин ҳамларо тарҳрезишуда донист ва гуфт, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид. Раҳматилло Зоиров рӯзи 28-уми октябри имсол аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар бораи латту кӯб ва таҳқир диданаш ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кард ва як намояндаи мақомот бо ӯ дар ин бора суҳбат дошт. Раҳматилло Зоиров хостори расидагӣ ба ин қазия шуда, аз мақомот хостааст, дақиқ намоянд, ки ин афрод кӣ буданд ва ҳадаф аз ҳамла чӣ буд? Вале гуфт, “то ҳол шахсияти ҳамлаварон ошкор нашудааст.”

“Дар аввал зани тахминан 35-40-сола бе ягон сабаб “садқаи мусалмонӣ шав, бенамозу ноинсоф” гуфта, маро таҳқир кард. Сипас, ҷавони тақрибан 28-30-сола низ пайдо шуда, “ту Зойирови ватанфурӯш, хоини миллат, боз ба ҷумҳурӣ баргашта, кори сиёҳи худро давом медиҳӣ” гуфт. Дар ҳамин вақт, марди шарики онҳо, аз пушт омада, бо оҳан ба сарам заданӣ буд, ки бо дасти рост ҳимоя кардам. Зарба ба панҷаи дастам расид ва даст аз кор монд”, – нақл кардааст Зоиров.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ин кор тарҳрезишуда буд ва бояд мақомот омилонашро пайдо кунанд. Раҳматилло Зоиров гуфт, "инҷо версияҳо зиёд аст. Барои инки ҳамлаварон супоришӣ буданд ва махсус омода шудаанд. Онҳо ному насаби маро гирифтанд, узбак ва хоини миллат ва монанди ин гапҳоро гуфтанд. Одамони ношинос ё нотайёр инхел гапҳоро гуфта наметавонанд. Ман онҳоро бинам, мешиносам. Ин ҳамла тарҳрезишуда буд."

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...