Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе оид ба мавзӯи табодули таҷриба дар масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир мегардад, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 баррасӣ мешавад;

– Дар шаҳри Ҳошимин дар мавзӯи «Рушди васеи ҷомеа тавассути ҷорисозии барномаҳои солимгардонӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, мушкилот ва дастовардҳо» Конфронси сеюми байнулмилалӣ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8093 сомонӣ;

1 евро – 10.3465 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1458 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.

1946 – Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон (шеъри А.Лоҳутӣ, оҳанги С.Юдаков)-ро тасдиқ намуд. Бори нахуст гимн тавассути радиои ҷумҳурӣ шунавонида шуд.

1972 — Агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Норак» мавриди истифода қарор гирифт.

2006 — Дар Душанбе маросими ба фаъолият оғоз намудани Фонди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

1939 – Зодрӯзи овозхон Гулрафтор Шаҳобова.

1943 – Мавлуди рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.

1947 – Зодрӯзи нависанда Барот Абдураҳмон.

1948 – Зодрӯзи хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.

1953 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тӯраева.

1954 – Зодрӯзи актёри театр Фирӯз Умаров.

1958 – Мавлуди сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар минтақаҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+3, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -7-12, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...