ВКД Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Зимни вохӯрии муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва муовини якуми вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Даврон Назармухамедов дар шаҳри Душанбе мавзӯъҳои марбут ба густариши равобити дуҷониба миёни Вазоратҳо баррасӣ шуданд.

«Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем», – изҳор намуд А. Аламшозода.

Муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон иброз намуд, ин мулоқоти дуюми ҳайатҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, вохӯрии аввала дар ин кишвари ҳамсоя доир гардида буд.

Дар идомаи ҷаласаи мазкур сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Сафиало Азизулозода ва муовини якуми сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми ВКД Ӯзбекистон подполковник Дониёр Қодиров вобаста ба мавзӯи таҳкими ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Сафар Ҳабибуллоев ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ӯзбекистон подполковник Илҳом Қутлимуродов дар мавзӯи андешидани чораҳо ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Раҳматулло Нуъмонзода ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ӯзбекистон подполковник Илҳом Қутлимуродов дар мавзӯи таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни ВКД ҳарду кишвари ҳамсоя дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби муовинони якуми Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва генерал-майор Назармухамедов Даврон Абитович аз натиҷаи ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон Протокол ба имзо расонида шуд.

Дар идомаи боздиди ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои фарҳангию таърихии кишвари мо, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, маҷмааи фарҳангию таърихии Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ боздид намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...